ногуворӣ — [ناگواري] нохушӣ, ҳодисаи нохушоянд ва бад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гаронӣ — [گراني] 1. вазнинӣ сангинӣ, сақилӣ 2. душворӣ, мушкилӣ, сахтӣ 3. ногуворӣ, ҳолати бад; гаронӣ кардан а) вазнинӣ кардан; б) сахт ва ногувор омадан, боиси малол будан 4. пурқиматӣ, баланднархӣ; муқоб. арзонӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
заҳролуд — [زهرآلود] 1. олуда ба заҳр, заҳромехта, масмум, заҳрдор, заҳрнок 2. маҷ. талх, хеле ногувор; гапҳои заҳролуд суханҳои талх, ҳарфҳои нешдор; хандаи заҳролуд хандаи маҷбурӣ, заҳрханда; заҳролуд кардан а) ба заҳр олуда гардонидан; б) маҷ. талху… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
музтар — [مضطر] 1. кит. зараррасида, зарардида 2. бечора, дармонда, ноилоҷ 3. гуфт. сахт дар хиҷолат монда; дар ҳолати бисёр ногувор мононда; музтар кардан сахт дар хиҷолат монондан; музтар шудан а) ноилоҷ гаштан, дар тангӣ мондан; б) сахт дар хиҷолат… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ноқулай — [ناقلي] 1. гуфт. номувофиқ, номусоид, номуносиб 2. ногувор, носоз, нохуш; дар вазъияти ноқулай гузоштан (мондан) дар ҳолати ногувор гузоштан (мондан) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
паст — [پست] 1. зер, поён, таҳ; муқоб. боло 2. поён, нишеб, пастӣ 3. кӯтоҳ, калта; қади паст 4. суст, заиф, оҳиста (дар бораи овоз); овози паст 5. кам; каммиқдор, намакаш паст, музди кораш паст 6. бадсифат, муқоб. аъло, хуб; коғази паст, сифаташ паст 7 … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
талх — [تلخ] 1. он чи мазаи тунду тез дорад; муқоб. ширин 2. ногувор, сахт (сухан); талх шудани зиндагӣ мушкил шудани зиндагӣ; ҷавоби талх ҷавоби сахтрасанда; талх гуфтан сухани дурушту ногувор гуфтан; авқот талх намудан димоғи касеро сӯзондан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
талхӣ — [تلخي] 1. бадмазагӣ, мазаи талху ногувор: дар даҳон талхӣ ҳис кардан 2. сахтӣ, ногуворӣ, душворӣ; муқоб. хушӣ: талхии рӯзгор, талхии танҳоӣ, талхии ятимӣ; талхию ширинии зиндагиро чашидан гармию сардии ҳаётро аз сар гузарондан, неку бади… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ӯсал — [اوسل] гуфт. ӯсал кардан хиҷолат додан; ба ҳолати ногувор монондан; ӯсал шудан ба ҳолати ногувор мондан, хиҷолат кашидан, шармсор шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
чашмхарош — [چشم خراش] ранге, ки ба чашм таъсири ногувор мерасонад; рангҳои баланди ногувор; муқ. гӯшхарош … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ